Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҶВС), Хазинаи кӯдакони СММ (ХК СММ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ) 11-ум ва 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд Анҷумани Ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад.
Дар чорабинӣ 130 нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, волонтёрони АМВТ, намояндагиҳо аз Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва меҳмонони дигар ширкат хоҳанд кард.
Ҳадафи Анҷуман иттиҳоди ташкилотҳои кор бо ҷавонон дар рушд ва таъмини иштироки насли ҷавон дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷомеа, ташаккули заминаҳои методиву амалии ҳаракати волонтёр дар Тоҷикистон ва баррасии механизмҳои рушдёбии устувори ташкилотҳои ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар доираи Анҷуман, ки аз ҷаласаҳои умумӣ ва сесияҳои мавзуӣ иборат аст, масоиле назири дастовард ва натоиҷи фаъолияти ИТҶТ дар соли 2013, қадамҳои нахустини ҳаракати волонтёрӣ ва ҳадафу иқдомҳои Асосиатсияи милли волонтёрӣ, таҳсилоти духтарон: муҳимият ва дурнамо, ақоиди ҷавонон ва таҳлили қонунгузории алоқаманд, фаъолнокии ҷавонон ва рушди ҷомеаву давлат ва масоили дигар муҳокимаву баррасӣ ва барномаҳои фарҳангӣ амалӣ хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






