Андӯхтаҳои Ҷ. Азизқулов дар «Андӯхти рӯзгор»

Июнь 11, 2014 09:29

 
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Андӯхти рӯзгор”-и олим, адиб ва тарҷумони маъруфи тоҷик Ҷумъабой Азизқулов баргузор гардид.
 Дар рӯнамоии китоби мазкур директори китобхона Носирҷон  Салимов  афзуд, ки китоби тозанашри “Андӯхти рӯзгор” армуғонест ба ҷашни 80-солагии Ҷумъабой Азизқулов мебошад.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ оид ба ҳаёту фаъолияти Ҷумъабой Азизқулов сухан гуфта, ба ӯ мусаввараеро, ки мавзеи беҳтарини зодгоҳаш дар он ҷо тасвир ёфтааст ва нишони сарисинагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро тақдим намуд.
  Раиси Энсиклопедияи миллии тоҷик Нурмуҳамад Амиршоҳӣ, доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон  Хуршеда Отахонова оид ба зиндагинома ва кору фаъолияти Ҷумъабой Азизқулов ва перомуни китоби мазкур андешаҳояшонро иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки китоби “Андӯхти рӯзгор” аз андӯхтаҳои солҳои мухталифи муаллиф фароҳам омадааст ва масъалаҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаи тоҷикро дар бар гирифта, ба муносибати 80- умин соли мавлуди муҳаққиқ ба табъ расидааст.
 

Июнь 11, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад