Аввалин хатмкунандагони мактаби ронандагии Кӯлоб
Кӯлоб, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Шурӯъ аз оғози соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб мактаби ронадагии «Автосантал» фаъол гардид ва аз моҳи феврал хоҳишмандонро ба курсҳои ронандагӣ қабул намуд.
Ҳоло аввалин хатмкунандагони мактаби мазкур барои супоридани имтиҳон тайёрӣ мебинанд.
Тавре ки директори мактаби ронандагӣ Дилшод Алиев иттилоъ дод, тибқи талабот қабл аз супоридани имтиҳон ҳамаи касбомӯзон аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, сипас баъди омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои супоридани имтиҳон роҳхат мегиранд.
Рӯзҳои наздик мактаби ронандагии «Автосантал» дар шаҳри Кӯлоб қабули касбомӯзони навро барои гирифтани дараҷаҳои ронандагии «В», «С» ва «Д» оғоз мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






