Азим Иброҳим оид ба зимистонгузаронӣ ҷаласа доир кард
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи васеи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тайёрӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 баргузор гардид.Дар ҷаласа масоили таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва нақшаи чорабиниҳое, ки бо қарори мазкур тасдиқ гардидаанд. мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Доир ба омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ҳисоботи аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ шунида шуда, дар ин самт фаъолияти як силсила соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда шуд. Тавре ки таъкид гардид, дар аксар соҳаҳо, аз ҷумла дар масъалаи истихроҷ ва таъмини ангиштсанг дар соли равон мушкилиҳо бартараф шуда, корҳо дар ин самт ҷоннок гардидаанд. Дар ин робита таваҷуҳи масъулони соҳаҳо ба масъалаи захира намудани ангиштсанг ва дигар маводи сўхт, таъмини мунтазами аҳолии мамлакат бо барқу гармӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат нигаронида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






