«Бӯсаҳои зери по»-ёде аз оҳангсози маҳбуб
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ба истиқболи ҷашни 100 — солагии оҳангсози бузурги тоҷик- Зиёдулло Шаҳидӣ дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ ба тамошобинон намоишномаи театрии «Бӯсаҳои зери по» манзур шуд.
Муҳтавои асарро гиромӣ доштани мероси мусиқии ниёгон, заҳматписандӣ, кори мушкили эҷодии ҷавонон дар замони басе мушкил ва баъзе паҳлуҳои зиндагию эҷоди оҳангсоз ташкил медиҳад. Дар маҳфил Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг, Мунира Шаҳидӣ, аҳли фарҳангу мусиқӣ ва дӯстдорони эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол 100- солагии ин оҳангсози нотакрор бо ибтикори Тоҷикистон ва қарори ЮНЕСКО — ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






