Ба Боғи Камоли Хуҷандӣ тарҳи нав меандозанд

Июнь 9, 2014 16:41

Хуҷанд, 9.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода ). — Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли  Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ки   аз соли 1959 инҷониб фаъолият дорад, то аввали соли оянда  куллан тарҳи нав хоҳад гирифт. Тӯли як моҳ аст, ки дар ин мавзеъ корҳои навсозӣ ҷараён дорад. 
Тавре масъулин аз мақомоти ҳокимияти  шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи таҷдиди боғи мазкур  даромади он пас азнавсозӣ аз Регистони назди қалъаи Хуҷанд оғоз шуда, дар ҳудуди маркази боғ мақбараи Камоли Хуҷандӣ бунёд мегардад. Дар паси мақбара бошад, Хонаи миллии замони зиндагии шоир бо нақшу нигори асри XV  қомат хоҳад афрохт.
Дар ин мавзеъ инчунин таъсиси растаҳои ҳунармандон ва бунёди Чорбоғ бо дарахтони зардолую ангур, анҷиру анор ва ғайраҳо дар назар аст. 
Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки  дар канори Қалъаи кӯҳна ва рӯди Сир дар маркази шаҳри Хуҷанд вокеъ аст,  аз ҷониби мутахассисон-меъморони тоҷику эронӣ бозсозӣ мешавад. Дар ин бора бо ширкати эронии “Ситораи беназир” созишнома ҳосил шудааст.
 Таҷдиду навсозии боғ дар доираи омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки соли 2015 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, бо иштироки зиёди меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад, ба нақша гирифта шудааст. 
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1996 ба ифтихори 675 солагии ин шоири ширинкаломи асри XV-и адабиёти форсу тоҷик дар зодгоҳаш-шаҳри Хуҷанд пайкараи ӯ гузошта шуда буд. Алҳол мувофиқ ба маълумоти фарҳангшиносон соли 2018 дар Тоҷикистон, алалхусус дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар сатҳи баланд бо як шукуҳи хосае ҷашнгирии 700 солагии Камоли Хуҷандӣ дар назар аст. 
Пас аз ифтитоҳ ин боғ минбаъд Боғи таърихиву фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ  ном бурда мешавад. 
 
 
 

Июнь 9, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!