Ба ифтихори Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дирӯз дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ба ифтихори 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Мухтор Фозилов, ректори донишкада иброз дошт, ки бо гузашти солҳо мақому манзалат ва аҳамияти таърихии Созишномаи сулҳи тоҷикон бештару равшантар аён мегардад.
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов аз хизматҳои бузурги Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии Ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ёдовар гардида, зикр намуд, ки рӯзи 27-уми июн барои мардуми тоҷик санаи хотирмон аст, зеро 17 сол муқаддам дар ҳамин рӯз, пас аз 40 моҳи музокирот Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба имзо расидааст.
Дар фарҷом филми мустанади “Эмомалӣ Раҳмон — меъмори Ваҳдати миллӣ” манзури меҳмонон ва устодону донишҷӯёни донишкада гардонида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






