Ба Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид мекунанд
Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», иловаҳо ворид намоянд. Ин ва дигар масъалаҳо 23 июн дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳурво-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, муҳокима гардиданд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муолиҷаи ҳатмии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ», «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»,«Дар бораи фаъолияти бонкӣ», « Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои марбута қабул карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






