Ба паҳлӯҳои мусбат ва манфии барнома бояд диққат дод
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ бо ҳайати баҳодиҳии «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» баргузор гардид.
Директори агентӣ бо меҳмонон ҷараёни таҳияи барномаи минтақавиро муҳокима намуда, зикр кард, ки зимни банақшагирии барнома ба паҳлӯҳои мусбат ва манфии он бояд диққат дод. Ӯ инчунин зарурати омӯзиш ва аз нав омода намудани мутахассисони соҳаи назорати маводи нашъаовар,нашр намудани шиору овезаҳои зиддимухаддиротӣ, омода намудани роликҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани ҳайати маркази наркологӣ бо усулҳои нави муолиҷаро таъкид намуд.
Рустам Назаров иброз намуд, ки солҳои охир ҳамкории Агентии назорати маводи нашъаовар ва Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ рушд ёфта истодааст.
-Мо бояд ҳамкориро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирии интиқоли маводи нашъаовар пурзӯр намоем,-зикр шуд зимни вохӯрӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






