Ба зимистон тайёрии ҷиддӣ бояд дид
Қӯрғонтеппа, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба тайёрии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли тирамоҳу зимистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъули созмону муассисаҳо ширкат доштанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров зимни суханонаш гуфт, ки имрӯз бояд барои омодагии ҷиддии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли зимистон чораҳои фаврии амалӣ дида шаванд.
«Хусусан хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ бояд барои расидан ба ин мақсад саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ диҳанд. Барои ин мақсад бояд трансформаторҳо сари вақт таъмир намуда ва ба кори муттасил омода карда шаванд, то дар фасли зимистон иншоотҳои тандурустӣ ва соҳаи маориф бо неруи барқ ва сӯзишворӣ пурра таъмин бошанд», — афзуд Абдуҷаббор Баҳодуров.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






