Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Украина
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Украина Пётр Порошенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Муҳтарам Пётр Алексеевич,
Басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати Президенти Украина интихоб шуданатон муборакбод намоям.
Пирӯзии Шумо дар интихоботи барпошуда нафақат аз барномаи Шуморо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ дастгирӣ намудани халқи Украина, балки аз хоҳиши самимонаи интихобкунандагон барои зистан дар вазъияти сулҳу субот ва шукуфоӣ низ шаҳодат медиҳад.
Умедворам муносибатҳои Тоҷикистону Украина, ки ба анъаноти мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории фаъол истинод мекунанд, барои рушду густариши минбаъда қувваи наверо пайдо менамоянд.
Ба Шумо, муҳтарам Пётр Алексеевич, дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳо ва ба халқи Украинаи дӯст сулҳу беҳбудиро таманно дорам».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






