Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Мисри Араб
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу намоям.
Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умку аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ ҷиҳати таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардондани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, бори дигар табрикоти самимона ва ибрози эҳтироми инҷонибро бипазиред”.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






