Барқияи табрикии Э.Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI
Душанбе, 21.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли хушнудӣ Шуморо Аълоҳазрат, дар иртибот бо қабул намудани савганд ва оғози фаъолиятатон дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Аълоҳазрат, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои навин дар ин маснади олии пурмасъулият, ба кишвари дӯсти Испания хушрӯзӣ ва шукуфоиро орзу дорам.
Хоҳишмандам эҳтирому арҷгузории амиқи моро қабул намоед».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






