Баргузории форуми “Ташаббусҳои ихтиёриён”

Июнь 23, 2014 08:53

 
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- 21-22-юми  июни соли ҷорӣ дар шахри Қайроққум Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён»  сурат гирифт. Дар он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Мавсума Муинова дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Сипас намояндаи кумита К.  Миралиев мақсаду мароми форумро маънидод кард. Дар кори Форум намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Русия ширкат намуда, доир ба мушаххасоти ҳаракати волонтёрӣ сухан гуфтанд.
Дар форум ширкаткунандагон роҳу василаи таҳким ва рушди ҳаракати волонтёриро дар ҳудуди кишварҳои СҲШ баррасӣ карданд.
 

Июнь 23, 2014 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!