Баргузории мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 дар Шри-Ланка
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё — Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занонаи то 16-сола баргузор гардид. Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 ҳамагӣ 21 даста: 12-то дар минтақаи Ғарб ва 9-то дар минтақаи Шарқ ширкат мекунанд.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16) бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат мекунад. Мусобиқа аз 4-ум то 13-уми октябри соли равон дар Шри-Ланка баргузор мешавад.
Тими мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов нахустин бозиашро 4-уми октябр бо дастаи Фаластин анҷом медиҳад. Баъдан футболбоздухтарони тоҷик 6-уми октябр бо дастаи Баҳрайн, 8-уми октябр бо мунтахаби Ӯзбекистон ва 11-уми октябр бо дастаи Шри-Ланка бозӣ мекунанд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ 13-уми октябр бо дастаи Қирғизистон баргузор мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






