Барномаи рангин бахшида ба Ваҳдати миллӣ

Июнь 19, 2014 16:41

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ маркази эҷодии «Илҳом»-и Вазорати фарҳанги ҶТ  барномаи рангини консертиро таҳия менамояд, ки ба он беҳтарин устодони санъат ва ҷавонони эҷодкори мамлакат шомил гаштаанд.
Дар барномаи консертӣ суруду мусиқиҳои тозаэҷод, ки  таҷассумгари меҳри Ватан,  Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият, дӯстиву рафоқат ва ифтихор аз гузаштаю имрӯзаи кишваранд, садо медиҳанд. 
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, консерт рӯзи 26-июни соли ҷорӣ дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мегардад.

Июнь 19, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш