Баррасии ҳамкориҳои энергетикӣ дар Душанбе
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). — Конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ 17 июн дар Душанбе таҳти сарпарастии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер қайд намуд, ки Конфронс барои мусоидати муколамаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон энергетика мебошад. САҲА манфиатҳои кишварро ба назар гирифта, кӯшиш мекунад вазъияти баҳснокро оид ба ин масъала ба танзим дароварда, механизмҳои дастовардҳои ҳадафҳо ва манфиатҳои миллиро ба вуҷуд орад».
Дар конфронс таваҷҷӯҳи асосӣ ба баррасии масъалаҳои марбут ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика зоҳир гардид.
Раиси иттиҳодияи энергетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мусоева чунин меҳисобад, ки иқтидори гидроэнергетикӣ камтар аз 4% истифода гардида , манбаъҳои дигари энергияи истеҳсолшаванда бошад, камтар аз 1% истифода мешаванд.
Ҳамчунин дар конфронс ба масоили дипломатияи энергетикӣ, ки барои тавсеаи муколама ва ташкили «Маркази дипломатияи энергетикӣ» дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати Дафтари САҲА платформа гардидааст, дахл карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






