Баррасии Афғонистон дар давраи гузариш дар Брюссел
Душанбе, 13.06.2014 (АМИТ “Ховар”).- 11 июни соли 2014 дар шаҳри Брюссел Конфронси байналмилалӣ зери унвони “2014 — Афғонистон дар давраи гузариш”, ки аз ҷониби Маркази бонуфузи байналмилалии таҳқиқотии “EastWest Institute” созмон дода шуд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, ки ҳадаф аз он муҳокима ва баҳодиҳии вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон дар давраи хеле ҳассос ва ҳаётан муҳим — интихоботи президентӣ ва хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз ин кишвар буд, як қатор сафирон ва дипломатҳои баландпояи намояндагиҳои доимии кишварҳои хориҷӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, як зумра марказҳои тадқиқотии илмию сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.Иштирокчиёни конфронс таъкид сохтанд, ки бемонеа паси сар кардани давраи гузариши сиёсӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ қабл аз хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар охири соли 2014 барои кишвари ҷангзадаи Афғонистон як нишонаи хубе барои даҳсолаи тағйирот хоҳад буд. Тазаккур дода шуд, ки Афғонистон дорои иқтидори бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ буда, дар чорроҳаи стратегии Осиё ҷойгир аст. Аз ин лиҳоз, баромадкунандагон иштироки фаъоли Афғонистонро дар ҳамгироии минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии минтақа ҳамчун омили муҳими эҳёи иқтисод, субот ва пешравии ин кишвар номиданд.Дар баромади худ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар бораи саҳми Тоҷикистон ба эътидолсозии вазъи амниятиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, ҳамкории дуҷонибаи иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироии минтақавии Афғонистон маълумоти муфассал дод. Ӯ назари Тоҷикистонро дар бобати таъсиру аҳамияти махсуси Афғонистон дар сулҳу суботи минтақавӣ ва пешрафти иқтисодиёти минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баён намуд. Сафири Тоҷикистон ҳамзамон омӯзишу татбиқи таҷрибаи камназири сулҳи тоҷиконро дар босубот гардондани вазъи дохилии Афғонистон тазаккур дод. Лоиҳаҳои муҳими минтақавии инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки ба Афғонистон ва Тоҷикистон рабт доранд, ҳамчун дорои дурнамои умедбахш номбар гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






