Баррасии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби ИА
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ки таҳти роҳбарии Риина Кионка, роҳбари бахши Осиёи Марказии Хадамоти Аврупо оид ба амалиёти беруна ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаи сеюми Кумита оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ Ховар сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






