Баррасии масъалаи таҳияи тавозуни озуқаворӣ
Душанбе,3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Коршиноси шуъбаи омори Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Расмия Алиева дар доираи лоиҳаи якҷояи Агентии омор ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ «Дастгирии тақвияти низоми миллии иттилооти амнияти озуқавории Тоҷикистон» ба Душанбе омад.Коршинос бо кормандонии Агентии омор оид ба пешниҳоди маълумотҳо оид ба тавозуни озуқаворӣ мулоқот намуд. Меъёри хароҷоти тухмӣ, сарчашмаҳои захираи давлатӣ, коэффитсиентҳои бозҳисоб, бозҳисоби ашёи хом ба маҳсулоти тайёр, муайян намудани захираи маҳсулот, тағйирёбии захираҳо баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта бо иштироки коршинос оид ба методикаи Ҳисобҳои истифодаи молтаъминкунӣ ва Тавозуни озуқавории Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Агентии омор семинар доир гардид. Дар семинар аз ҷониби Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ — Франсуаз Трин, сармушовири техникии Лоиҳа, Абдусалоҳ Расулов — менеҷери миллии лоиҳа, Фаривар Афсаҳзод — мушовири миллии лоиҳа иштирок доштанд.Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанова барои пешниҳоди кумаки техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Дастгирии тақвияти низоми миллии иттилооти амнияти озуқавории Тоҷикистон» миннатдорӣ изҳор намуда, муҳимияти истифодаи стандартҳои байналмилалиро барои таҳияи тавозуни озуқавори баҳри тафсифи ҳолати воқеии таъминоти озуқаворӣ дар мамлакат зикр кард. Хонум Алиева оид ба методологияи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ вобаста ба таҳияи тавозуни озуқаворӣ, шарҳи тартиби таҳияи тавозуни озуқаворӣ дар Тоҷикистон ва тавсияҳо сухан гуфт. Тавсия дода шуд, ки тавозуни озуқаворӣ барои панҷ соли охир бо назардошти истифодаи методологияи нав, меъёрҳо ва коэффитсиентҳои тасдиқшуда, ки ба талаботи миллӣ мувофиқ мебошанд, аз сари нав баррасӣ шаванд. .








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






