Баррасии масоили гурезаҳо дар мулоқоти Р. Раҳимзода бо К. Аллен
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -7-уми июни соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт боз ҳам густариш мебахшанд.
Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ташкил ва ба танзим даровардани фаъолият дар самти муайян намудани мақоми гуреза чораҳои зарурӣ меандешад. Дар сохтори Вазорат шӯъбаи алоҳида оид ба масоили гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ фаъолият менамояд, ки онҳоро ба қайд гирифта, аризаю дархости онҳоро мутобиқи қонунгузории кишвар баррасӣ менамояд.
Ҷонибҳо оид ба лоиҳаи алоҳидаи Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо» табодули афкор намуданд. Иброз гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гуруҳи кории байниидоравӣ дар таҳрири нав коркард шуда, ба Парлумони кишвар ирсол гардидааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






