Баррасии методикаи ҳисобҳои истифодаи молтаъминкунӣ

Июнь 2, 2014 10:35

Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи гузашта дар Агентии омори назди Президенти ҶТ оид ба методикаи ҳисобҳои истифодаи молтаъминкунӣ ва тавозуни озуқавории ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ семинар доир гардид. Директори агентӣ Гулнора Ҳасанова барои пешниҳоди кумаки техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Дастгирии тақвияти низоми миллии иттилооти амнияти озуқавории Тоҷикистон» миннатдорӣ изҳор намуда, муҳимияти истифодаи стандартҳои байналмилалиро барои таҳияи тавозуни озуқаворӣ баҳри тавсифи ҳолати воқеии таъминоти озуқаворӣ дар мамлакат зикр кард. Коршиноси шуъбаи омори Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Расмия Алиева оид ба методологияи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ вобаста ба таҳияи тавозуни озуқаворӣ, шарҳи тартиби таҳияи тавозуни озуқаворӣ дар Тоҷикистон ва тавсияҳо гуфт, ки тавозуни оузқаворӣ ҳамчун унсур барои таҳлил ва қабули қарорҳо дар масъалаҳои арзёбии ҳолати озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар мамлакат, ҳисоби норасоӣ ва зиёдомади умумӣ дар асоси меъёрҳое, ки бо арзиши энергиянокӣ ифода шудаанд (Ккал), ҳамчунин сафеда, карбонгидратҳо ва равған, иттилоот дар бораи воридшавии озуқа ба ҳар сари аҳолӣ, ки бо худ коэффитсиенти чандирӣ, аҳолӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад, барои таҳияи дурнамои талаботи мамлакат бо озуқа, муқаррар намудани алоқамандии воридшавии миллии маҳсулот ва истеъмолоти нокифоя, арзёбии сиёсати озуқа ва истеъмолот, хазинаи таҳлилҳои сиёсат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ зарур аст.Иштирокчиёни семинар тавсияҳои пешниҳод намударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Июнь 2, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад