Баррасии роҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки 21 июн дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаҳои амалигардонии Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро барои солҳои 2013-2020 ва пайваста пеш гирифтани роҳҳои таъмини бехатарии озуқавориро мавриди баҳсу мунозираи илмӣ қарор дод.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Донишкада Машҳура Абдуллоева, ноиби ректор оид ба таълими Донишкада Илҳомуддин Иброҳимов рӯзмарра будани мавзӯи баррасишавандаро қайд карда, дарёфти роҳҳои ҳалли ноил гардидан ба ҳадафҳои барномавӣ, зиёд гардонидани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқавории мардуми мамлакатро дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ёдрас гардид. Таваҷҷуҳи ҳозиринро ба истодагарӣ дар роҳи тадқиқотҳои илмии соҳаи кишоварзӣ даъват намуд.
Дар маҳфил маърӯзаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, профессор Рустам Қудратов дар мавзӯи «Стратегияи амалигардонии Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2013-2020» шунида шуд. Рустам Қудратов дар баромади хеш иброз дошт, ки мақсади асосии таъмини бехатарии озуқаворӣ ин дар ниҳояти кор қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба озуқавории дастрас ва босифат мебошад. Дар ин самт мантиқан маълум мегардад, ки агар, аз як тараф, кӯшиш барои зиёд гардонидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи барномаҳо ҷой дошта бошад, аз дигар тараф, раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои барномавӣ бевосита аз баҳодиҳии вазъи соҳаҳои мазкур бо чорабиниҳои мушаххаси илмӣ алоқамандии зич мегирад. Имрӯзҳо кишвари мо дар робита ба воридшавӣ ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамқадамии устувор ва мутобиқшавиро пеш гирифта, пайваста барои ислоҳоти кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар маҳфил иштирокдорон дар доираи мавзӯи матраҳгардида мубодилаи афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






