Баррасии таъмини нафақаи шаҳрвандон дар муҳокимаи парлумонӣ

Июнь 24, 2014 10:51

Душанбе,24.06.2014.(АМИТ«Ховар»,Марзия Саидзода).-Масъалаи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар баррасӣ шуд. Хайриниссо Юсуфӣ-раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таъкид кард, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2013-2015» таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳое муайян шудаанд, ки барои таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Зикр шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз рӯи даромад ба маблағи 2133,37 миллион сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2188,37 миллион сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 55 миллион сомонӣ тасдиқ  шудааст. 
Дар муҳокимаи парлумонӣ доир ба масъалаи таъмини нафақаи шаҳрвандон Сафаралӣ Наҷмиддинов- директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Файзалӣ Зарипов- Сараудити Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ва дигарон ибрози назар намуданд. Дар фарҷом иштирокдорони ҷаласа доир ба  масъалаи баррасигардида бо  назардошти  пешниҳод ва эродҳо  қарор  ва   тавсияҳои парлумониро қабул намуданд.

Июнь 24, 2014 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд