Баррасии таъмини нафақаи шаҳрвандон дар муҳокимаи парлумонӣ
Душанбе,24.06.2014.(АМИТ«Ховар»,Марзия Саидзода).-Масъалаи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар баррасӣ шуд. Хайриниссо Юсуфӣ-раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таъкид кард, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2013-2015» таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳое муайян шудаанд, ки барои таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Зикр шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз рӯи даромад ба маблағи 2133,37 миллион сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2188,37 миллион сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 55 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст.
Дар муҳокимаи парлумонӣ доир ба масъалаи таъмини нафақаи шаҳрвандон Сафаралӣ Наҷмиддинов- директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Файзалӣ Зарипов- Сараудити Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ва дигарон ибрози назар намуданд. Дар фарҷом иштирокдорони ҷаласа доир ба масъалаи баррасигардида бо назардошти пешниҳод ва эродҳо қарор ва тавсияҳои парлумониро қабул намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






