Беҳтаринҳои футбол дар моҳи май киҳоянд?
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард. Тавре сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозингар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуданд. Ёдовар мешавем, легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозингар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол” беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март ва Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозингар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи апрел эълон шуда буданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






