Беҳтаринҳои “Тоҷикистон кишвари туризм” муайян шуданд
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бахши туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барномаи беҳтарини телевизионӣ ва радиоӣ дар мавзўи «Тоҷикистон кишвари туризм»-ро дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистонн дар давраи солҳои 2010 -2014 доир намуд, ки ин иқдом баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, баланд гардидани азму иродаи мардум дар ҳифзи марзу буми кишвар, сулҳу амният, ваҳдату дўстӣ ва ба ин васила инкишофи туризми дохилӣ дар кишвар ва ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бо бартарияти мазмуну мўҳтаво, масъалагузорӣ ба соҳа ва ба талаботи озмун барномаҳои беҳтарин муқаррар карда шуд. Ҳамин тариқ ҷои аввалро барномаи «Тоҷикистон диёри туризм» (муаллиф- Ҳабибулло Ҷобиров) ; ҷои дуюмро барномаи «Сайру сафар» (муаллиф-Абдувалӣ Нодиров); ҷои сеюмро барномаи «Роҳбалад» (муаллиф-Мухаммедов Сайёд) сазовор шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






