«Беҳтарин муштзани мусобиқа»- Мавзуна Чориева
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 28-уми май то 2-юми июни соли 2014, дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки дар он барандаи нишони биринҷии 30-юмин Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок намуда, қувваозмоӣ кард.
Дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ Мавзуна бо ҳарифони худ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия бо тарзу услуби ба худ хос қувваозмоӣ намуда, бо малакаю маҳорати баланди варзишӣ мухлисони ин намуди варзишро ба ҳайрат овард.
Дар бозии ниҳоӣ баъди шикаст додани ҳарифи худ аз Федератсияи Русия, Мавзуна сазовори ҷойи аввал гардида, медали тиллоро ба даст овард.
Ҳамзамон ба Мавзуна Чориева дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ҷоизаи «Беҳтарин муштзани мусобиқа»-ро лоиқ донистанд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро Мавзуна Чориеваро бо ин дастоварди варзишӣ табрик гуфта, ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






