“Белагро -2014”-24-умин намоишгоҳи байналмилалӣ
Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ҳафтаи сипарӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус ва иҷрои Протоколи ҷаласаи 9 — уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин даъватномаи Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус барои иштирок дар 24-умин намоишгоҳи байналмилӣ «Белагро -2014», ки дар ҷаҳорчӯбаи ҳафтаи агросаноатии Беларус бо ташаббуси Вазорати озуқа ва кишоварзии ин кишвар дар шаҳри Минск аз 3 то 8 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, гурӯҳи мутахассисони вазорату ташкилотҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар сафар намуд.
Чанде пеш вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо ин гурӯҳи корӣ вохӯрӣ доир намуд.
Вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар дар ҷараёни вохӯрӣ пешнҳод намуд, ки гурӯҳи корӣ зимни сафари хизматӣ ба масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла муайян намудани муҳлати сохтмони заводи банду басти тракторҳо, бунёди МТС-ҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми нави лизинги техникаи кишоварзии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти истеҳсолу воридоти тухмии картошка ва гандум таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Инчунин зикр шуд, ки ҳангоми сафари корӣ мутахассисони соҳаи растанипарварӣ аз дастовардҳои хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳри Несвиж дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо гуфтушунид барои ҳамкориҳои минбаъда барпо намоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






