Безараргардонии қочоқбари афғон

Июнь 11, 2014 10:53

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шаби 9 ба 10 июн аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии Панҷи Саррёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кӯшиши интиқоли миқдори калони маводи нашъаовар ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.Дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии Шӯркул ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он яке аз қочоқбарон Ғаффор валади Абдуғафури 45-сола, сокини вулусволии Имом Соҳиби вилояти Хатлон безарар гардонида шуд. Ҳаммаслаки ӯ бо номи Абдулло аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор намуд. Субҳи рӯзи дигар ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади шаҳрванди Афғонистон, як адад камони шикории қутраш 12 мм, як адад борхалтаи полиэтиленӣ дарёфт шуд, ки дар дохили он 35 бастаи ҳашиш бо вазни зиёда аз 13 кг ва 3 бастаи героин бо вазни тахминан 3 кг мавҷуд буд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июнь 11, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад