Бист соли татбиқи меъёрҳои олӣ

Июнь 23, 2014 14:47

 Душанбе, 23.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имсол миллати тоҷик 20-умин солгарди қабули ҳуҷҷати тақдирсол — Конститутсияи (Сарқонун) -и Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои орому осуда ҷашн мегиранд. Дар робита ба ин сана судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе  Азизбек Шарбатов ақидаҳояшро ба мухбири АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:
-Раванди таҳавулоти таърихӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, ки дар мавриди шакл, сохтор, низом ва дигар ҷанбаҳои давлатдории хеш роҳи мустақилро пеш гиранд, ки бо дарназардошти воқеъияти ҷаҳони муосир ниёз ва ормонҳои миллати хешро пиёда созанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик тавонист барои доштани давлати миллӣ, мустаҳкам кардани зербинои фарҳангӣ, хусусан ба хотири саҳм доштан дар рушди тамаддуни башарӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонад.
Яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ таҳия ва қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо шарофати қабули Конститутсия кашмакшиҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошта шуд.
Ҳамин тариқ миллати озода ва соҳибфарҳанги тоҷик бо таваҷҷуҳ ба воқеъияти замон ва манофеи миллӣ Конститутсия ва сохтори давлатиро тибқи ниёзу ормонҳои фитрӣ ва таърихии хеш қабул ва интихоб намуд. Конститутсияи ҶТ ба ҳайси як ҳуҷҷати  сарнавиштсоз барои бунёд ва пешбурди ҷомеаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Имрӯз метавон гуфт, ки он аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле мукаммал ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллию давлатии тоҷикон ба ҳисоб рафта, баҳри сохтани ҷомеаи воқеан ҳам демократию дунявӣ ва ягона заминаи асосӣ гузошта, давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Низоми демократӣ маънои ҳукумати мардумро дорад ва дар худ, ирода хоҳиш ва тафаккур онро таҷассум менамояд. Яъне, сарнавишти мардум ва ҷомеа ба ихтиёри худи мардум гузошта шуд.
Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки бунёди он бар ҳуқуқ аст. Волоият ва қонуният ба гуфтаи олимони Юнони қадим: «…сабаби ҳастию дарозумрии давлат» мебошад. Ҷавҳари давлати ҳуқуқбунёдро вобастаигии давлат аз ҳуқуқ ташкил медиҳад. Усули волоияти Конуститутсия дар кишвари мо ба сифати яке аз асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ муқаррар шудааст. Мувофиқи он Конститутсия эътибори олӣ дорад ва меъёрҳои он мустаъқиман амал мекунад. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухолифи Конуститутсия қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамчунин дар Конститутсия ҳокимияти давлатӣ танзими худро ёфта, суд ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимият эътироф гардидааст.
Мутобиқ ба Конститутсия қонунҳои алоҳида ва санадҳои зерқонунӣ, санадҳои соҳавӣ қабул ва дар амал татбиқ мешаванд. Ҳамаи ин баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Точикистон дар роҳи ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсону шаҳрванд равона шудаанд.
Бо мақсади боз ҳам устувор ва ба талаботҳои байналмилали мутобиқ гардонидани меъёрҳои он аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ду маротиба, яъне соли 1999 ва соли 2003 ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ таъғироту иловаҳо ворид карда шудааст.
Тавъам будани истиқлолият ва Конститутия дар бунёди давлати демократӣ хуб эҳсос мешавад. Конститутсияи соли 1994 қабулкардаи мардуми Тоҷикистон аз конститутсияҳои қаблӣ ба он фарқ дорад, ки дар Конститутсияи амалкунанда, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Маҳз дар ҳамин Конститутсия баъди ҳазорсолаҳо забони тоҷикӣ , ки забони аксари кули ҳамватанон аст, чун забони давлатӣ расман эълон гардида, рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, узви фаъоли ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Иҷро ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсияро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолааш ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид месозад ва инро воситаи асосии рушди давлатуи ҳуқуқбунёд мешуморад.
Аз ҷумла, дар Паёми худ Президенти кишвар ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 чунин таъкид сохтанд: «Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад. Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳангӣ, сиёсӣ ва маърифатию ҳуқуқиро тақозо мекунад».
 
 
 
 
 
 
 

Июнь 23, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад