Боздид аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон

Июнь 1, 2014 21:01

Душанбе, 1.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф овард.Чунонки аён шуд, ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.Аз 450 га 130 гектараш боғи навъҳои содиротии гелос аст, ки 100 гектараш ҳосилдеҳ шудааст. 30 гектари дигар соли оянда ба ҳосил меояд.Чунонки зикр гардид, ҳар як гектари боғ ба аҳли як оила иҷора дода шудааст ва ҳамин тариқ дар он беш аз 2400 нафар соҳиби кор мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бошад, ҳар як иҷоракор боз 5-6 нафар қувваи кории иловагӣ мегирад, ки беш аз якуним ҳазор нафари дигар мешавад.Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар гектар боғи гелос то 6 тонна ва аз 100 гектар 600 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳосили хеле фаровон аст ва нисбат ба ғаллакории пешина даҳҳо баробар фоидааш зиёд аст.Ба иттилои боғпарварон, ҳосили фаровони боғҳои гелос соли дуюм аст, ки ғайр аз бозорҳои Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо бароварда мешавад. Соли 2013 аз ҳамин боғи 100 гектараи гелос беш аз 600 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 110 тоннаашро ба Русия ва Чин содир намудаанд. Имсол бошад, то имрӯз аллакай 170 тонна гелоси аълосифат ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо боғпарварон ва масъулини давлатии соҳа суҳбат намуда, доир ба ривоҷ додани ин таҷрибаи пешқадам, ҷалби сайёҳон ба ин боғ ва роҳҳои фоидаи бештар ҳосил намудан маслиҳатҳои муфид дод.Аҳли заҳмати ин боғҳо ва мардуми атрофи он аз бунёди боғ дар ин заминҳои лалмӣ аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори бевоситаи ин иқдоми наку аст, басо шоду сипосгузоранд, зеро ба гуфти худашон, пештар дар ин мавзеъҳо ғаллаи лалмӣ корида, аз он ҳосили ночиз мегирифтаанд.Дар воқеъ маҳз ташаббускорӣ ва иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғутокзори нав ва эҳёи боғоти кӯҳна аст, ки барномаи панҷсолаи рушди боғутокпарварӣ дар се сол иҷро шуд ва 27 августи соли 2009 боз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014» содир шуд, ки мутобиқи он дар майдони қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд меёбад.

Июнь 1, 2014 21:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад