Боздиди ҳайати шаҳри Ваҳдат аз Санкт — Петербург
Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ҳайати шаҳри Ваҳдат бо роҳбари раиси он Раҳмоналӣ Амирзода аз 29 май то 2 июн аз шаҳри Санк — Петербург ва вилояти Ленинград боздид намуд. Ба ҳайат кормандони масъули мақомоти иҷроияи шаҳр, соҳибкорон, ходимони фарҳангу санъат, аз ҷумла ситораҳои эстрадаи тоҷик Қурбоналӣ Абдулло, Сироҷиддин Фозилов, Сарвиноз Юсуфӣ, Саъдӣ Бӯризод, Файзигул Юсуфова ва дастаи рақсии «Гулрез» шомил буданд.
Тавре ки аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар доданд, Раҳмоналӣ Амирзода дар ҳошияи сафар бо роҳбарияти маъмурияти шаҳру вилоят мулоқотҳо анҷом дод, ки дар ҷараёни онҳо доираи васеи масоили марбут ба рушду таҳкими ҳамкории байни минтақаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи равобити хориҷии Санкт — Петербург Е.Григорев зикр намуд, ки соҳибкорони шаҳри Санкт — Петербург ҷонибдори ҳамкорӣ бо шаҳри Ваҳдат дар соҳаҳои сохтмон, сайёҳӣ, содироти меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ тоза мебошанд.
Зикр шуд, ки моҳи октябр рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт — Петербург дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар ҷараёни ин чорабинӣ соҳибкорони шаҳри Санкт — Петербург ба шаҳри Ваҳдат сафар мекунанд.
Раҳмоналӣ Амирзода дар навбати худ аз вазъи мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нақл кард. Пешниҳоди мавсуф дар бораи бунёди корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, сохтмони биноҳои баландошёна диққати роҳбарияти маъмурияти шаҳри Санкт — Петербург ва кумитаҳои соҳавии онро ба худ ҷалб намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






