Боздиди Азим Иброҳим аз навоҳии вилояти Хатлон
Душанбе, 16.06.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим 14 июни соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ва Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои мошингард, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дигар иншооте, ки сохтмонашон ба нақша гирифта шудаанд, шинос гардид.
Азим Иброҳим аз ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Данғара -Кангурт ва таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг дидан карда, барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ дар сохтмони роҳи Данғара -Кангурт ва аз ташхис гузаронидани лоиҳаи таҷдиди роҳи Восеъ-Ховалинг масъулини соҳаро вазифадор намуд. Зимни боздид маълум шуд, ки корҳои ташхисии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ба талабот ҷавобгў набуда, коргоҳҳои асфалту бетонрезӣ дар таҷдиди ин роҳ бо таҷҳизоти кўҳнаю фарсудашуда фаъолият менамоянд. Қобили таъкид аст, ки роҳи мошингарди Данғара-Кангурт 24 км ва роҳи Восеъ- Ховалинг 88 км мебошад.
Дар идомаи сафар муовини Сарвазири мамлакат бо ёни сохтмони корхонаи асфалту бетонӣ дар ноҳияи Ҷилликўл, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)- и Ҷопон бунёд мегардад шинос шуда, дар ноҳияи Қубодиён аз маҳали сохтмони нақшавии корхонаи шишабарорӣ, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мешавад, дидан кард. Барои истифодаи масолеҳи маҳаллӣ, аз ҷумла дар истеҳсолоти ин корхонаҳо дар оянда мавриди коркард қарор додани реги булӯрдор ба мутахассисон маслиҳатҳои судманд дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






