Боздиди Э. Раҳмон ва Н. Шариф аз намоишгоҳи неъматҳои табиати Тоҷикистон
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.
Чунонки зикр гардид, Тоҷикистону Покистон бо умумиятҳои зиёди фарҳангию мардумии худ метавонанд, дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳамкории пурсамар дошта бошанд. Дар ин замина ба таъсиси корхонаю муассисаҳои муштараки истеҳсолию тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки дирӯз дар доираи боздиди расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон миёни ду кишвар як зумра санадҳои муҳим, аз ҷумла барои муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, таҳсилоти касбӣ, забономӯзӣ ва китобдорӣ ба имзо расид.
Бо назардошти имконоти фарохи ҳамкорӣ, ки бояд мавриди баҳрабардории пурсамар қарор дода шавад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барои ҷониби Тоҷикистон муносиб ба Покистон ташриф барад, то ки муколамаи судманд доир ба дарёфти роҳҳои нави густариши робитаҳои ду кишвар идома дода шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






