Боздиди М. Убайдуллоев аз «Лувр»-и Париж

Июнь 13, 2014 11:40

Душанбе, 13.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сафари расмии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса, ки аз 9 то 12 июни соли равон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҷараён гирифт, ба анҷом расид. Зимни ин сафар ҳайати палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони баландпояи Сенати Фаронса мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро матраҳ намуданд.Дар доираи сафар ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз қасри Люксембург, ки дар он қароргоҳи Сенати Фаронса ҷойгир аст, инчунин аз осорхонаи низомии Фаронса, қасри «Версал», осорхонаи «Лувр»-и Париж боздид намуда, ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Париж низ ташриф оварданд. Бояд тазаккур дод, ки сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Фаронса бо даъвати Жан-Пер Бел-Президенти Сенати ин кишвар сурат гирифта, он ҷиҳати тақвияти робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Фаронса мусоидат хоҳад кард.

Июнь 13, 2014 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд