Боздиди раиси Маҷлиси миллӣ аз «Итрон Франс»
Душанбе, 12.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷараёни сафари расмии худ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Фаронса ба ширкати «Итрон Франс», ки беҳтарин корхонаи саноатии Фаронса дар соли 2013 ъэтироф гардидааст, ташриф овард. Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон аз ҷараёни истеҳсолот, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истифодаи технологияҳои муосири саноатӣ дар ин корхона шинос гардид. М. Убайдуллоевро Матиас Мартан -ноиби Президенти ширкати «Итрон Франс» ҳамроҳӣ намуда, доир ба иқтидори саноатии ин ширкат маълумот дод. М. Убайдуллоев аз сифати корҳои анҷомдодаи «Итрон Франс» дар доираи татбиқи Қарордоди DWSP2-01 Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе оид ба таҳвили 76 500 адад обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ ба КВД «Обу коррези Душанбе», изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр шуд, ки барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда тавассути насби ҳисобкунакҳои обӣ, ҷониби мо омодааст ҳамкориҳои мутақобилан судамандро бо «Итрон Франс» таҳким бахшад. Бо истифода аз зарфиятҳои «Итрон Франс», ки дар бозори ҷаҳонии истеҳсоли ҳисобкунакҳои обӣ мавқеи хоса дорад, масоили ташкили корхонаи муштараки насб ва таъмири ҳисобкунакҳои обӣ дар Душанбе матраҳ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






