Боздиди Сарвазир аз рафти омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор

Июнь 12, 2014 16:19

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор шуд. Аъзои Кумитаи тадорукот дар ин ноҳия бо рафти корҳои омодагӣ ба ин санаи таърихӣ ва сохтмону азнавсозии як зумра иншооти муҳими ҷашнӣ шинос шуданд.Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 3000-солагии Ҳисор бунёд, азнавсозӣ ва тармиму таҷдиди зиёда аз 195 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.Зимни боздид маълум шуд, ки дар 130 иншооти гуногун корҳои сохтмонӣ умуман шурўъ нагардидаанд. Бунёди қисми зиёди ин иншоот асосан аз ҷониби соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. Дар иншооти муҳими ҷашнӣ, аз қабили варзишгоҳи марказии ноҳия барои 20 ҳазор ҷои нишаст, Қасри фарҳанг барои 700 нафар ва гимназияи президентӣ барои 640 хонанда корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, дар мавзеи бунёди осорхона ва китобхонаи ноҳиявӣ корҳои таҳкурсии бино шурўъ гардидааст. Маҳалли бунёди чойхонаи миллӣ дар қабати роҳи марказии ноҳия барои оғози корҳои сохтмонӣ аллакай омода гардида, корҳои азнавсозии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии қалъаи Ҳисор низ бо суръат идома доранд. Сарвазири мамлакат зимни боздид аз суръати нисбатан сусти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия ва шурўъ нагардидани корҳои навсозию бунёдии иншооти гуногун аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз оғози корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар маркази ноҳия бо ташабуси соҳибкори маҳаллӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанг, осорхона ва китобхона низ ситоиш гардид.Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид бар он дошт, ки Президенти кишвар барои дар сатҳи зарурӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 3000- солагии Ҳисор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иқдомоти таъмини пешрафт ва ободу зебо гардонидани ноҳияи Ҳисорро пайваста дастгирӣ менамояд. Барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари Давлат вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ва сазовор ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявию ноҳиявиро вазифадор намуд, ки барои ташкили кори шабонарўзӣ дар сохтмони иншооти ҷашнӣ, таҳияи саривақтии лоиҳаи сохтмони иншооти ба нақша гирифташуда ва гузаронидани ташхиси давлатӣ, ҳалли масъалаи марбут ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, кўчонидани аҳолӣ, сабзухурамгардонӣ ва равшаннамоии кўчаҳои марказии ноҳия ва шаҳраку деҳот, тармиму азнавсозии хаттҳои обу корезии шаҳраки Ҳисор, таъминоти пурраи оби нўшокӣ ва барқ, ҳамзамон ҳавасманднамоию ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.

Июнь 12, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд