Боздиди Сарвазир сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа

Июнь 9, 2014 10:29

Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-7 июн Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  бо рафти корҳои  сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа қитъаи Ваҳдат-Ёвон шинос шуд. Ёдрас мешавем, ки сохтмону навсозии роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа дар се қисмат ба роҳ монда шуда, дар доираи қисматҳои якум ва дуюм 24 км роҳи оҳани мавҷуда навсозӣ  ва  дар қисмати сеюм беш аз 40 км роҳи оҳани нав дар қитъаи Элок — Ёвон  сохта мешавад.
 
Сарвазири мамлакат аввалан бо сифати корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои анҷомёфтаи роҳ аз ҷониби шаҳри Ваҳдат ва ҳам аз ҷониби ноҳияи Ёвон шинос шуда, ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашию ташхисӣ дар мавзеи ҷойгиршавии  нақбу пулҳо, ки дар шароити кўҳсор бунёд мегарданд, дидан кард.
Тавре зимни боздид таъкид гардид, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисматҳои алоҳидаи роҳи бунёдшаванда нисбатан суст ба роҳ монда шуда, имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда намешаванд. Барои анҷом додани корҳои лоиҳакашию ташхисӣ ба бастани қародод бо ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати бунёди се нақб дар масофаи 3755 метр ва панҷ адад кўпрук бо дарозии 712 метр роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд.
Дастур дода шуд, ки бо истифода аз рўзҳои гарму мусоиди фасли тобистон шумораи техника ва қувваи корӣ дар ҳама қитъаҳои сохтмонии роҳ афзун ва  корҳо ба таври шабонарўзӣ пеш бурда шаванд. Ҳангоми иҷрои корҳои пешбинишуда ҳамчунин бояд ба эътибор гирифта шавад, ки роҳи мазкур ҳам барои боркашонӣ ва ҳам барои мусофиркашонӣ манфиатовар аст.
Умуман сохтмони роҳи оҳани Душанбе -Қўрғонтеппа қитъаи Ваҳдат -Ёвон аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, баробари сохта ба истифода додани ин қисмати роҳ масофаи роҳи оҳан аз пойтахти мамлакат  ба маркази вилояти Хатлон 4 баробар кам шуда, хароҷот низ мутаносибан 4 баробар кам мешавад.
Зимни боздид роҳбарияти вазорату идораҳои  дахлдор, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  ва ташкилоту идораҳои сохтмонии вобасташуда вазифадор шуданд, ки ба сифати корҳои роҳсозӣ диққати аввалиндараҷа дода, нақшаи тақвимии корҳои сохтмониро таҳия,  ҳаҷми кор ва хароҷоти онро муайян намоянд ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати бунёди роҳи ҷавобгў ба меъёрҳои ҷаҳониро саривақт таъмин намоянд. Қарор дода шуд, ки барои пурзӯр намудани ҷараёни иҷрои корҳо ва зери назорат гирифтани  рафти корҳои роҳсозӣ   охири ҳар моҳ дар мавзеи сохтумон ситоди сайёри корӣ гузаронида хоҳад шуд. 

 

Июнь 9, 2014 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст