Боздиди вазири ВКД аз Маркази таълимӣ
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш таҷдиду таъмири биноҳои Маркази таълимӣ, дастаи посбонӣ ва хадамоти дидбонии раёсати ВКД шаҳри Душанбе ва дастаи милисаи таъиноти махсус анҷом ёфт.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон Рамил Нодиров, намояндагони Созмони байналмилалии «Эмерҷенсгруп» аз маркази мазкур боздид намуданд.
Вазири ВКД ҳамчунин аз китобхона, утоқҳои таълимию методӣ, маркази тестӣ, синфи компютерӣ, утоқҳои хадамоти мухталифи мақомоти корҳои дохилӣ, аз қабили хадамоти давлатии «Ҳифозат», хадамоти посбонию дидбонии милиса, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва биноҳои дигар дидан кард.
Маркази таълимӣ барои курсантҳо истиқоматгоҳ, толори варзишӣ ва ҷойи тирпарронӣ дорад.
Рамазон Раҳимзода ба намояндагони «Эмерҷенсгруп» барои кӯмаку дастгириашон изҳори миннатдорӣ кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






