Боздиди Зирор Аҳмад Усмонӣ аз Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ бо ҳайати расмии худ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Тавре ки аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, директори китобхона Носирҷон Салимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, перомуни шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки зиёда аз 50 адад нусхаи хаттӣ ва 35 адад китобҳои чопи сангини нусхаҳои осори Ҷомӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ҳарф зад. Зирор Аҳмад Усмонӣ бо ҳайати расмии худ аз толори намоиши дастхатҳои Шарқ ва толори намоиши китобҳо дидан намуда, дар китоби ёддоштҳо соядасти хешро гузошта, ёдовар шуд, ки китобхона дар ҳақикат дар Осиёи Марказӣ калонтарин ба шумор рафта, дар сатҳи байналмилалӣ қарор дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






