Боздошти қаллоби заминфурӯш дар Душанбе
Душанбе,13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар шаҳри Душанбе амали ғайриқонунии навбатиро ошкор намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Агентӣ, Муҳамадиев Илҳом Маснабиевич, корманди Муассисаи давлатии Раёсати оромгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ва суйиистифодаи боварӣ ва тасарруфи амволи ғайр, бо расонидани зарари амвол ба миқдори махсусан калон ба шаҳрванд ва сохтакории ҳуҷҷатҳо бо истифодаи техникаи компютерӣ ҷиноят содир кардааст. Номбурда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба боварии шаҳрванд Шарипов Хуршед Ятимович даромада, ваъда додаст, ки бар ивази 14 ҳазор доллари амрикоӣ 0,12 га замини наздиҳавлигиро аз ҳисоби заминҳои дар кӯчаи «Сари Осиё»-и шаҳри Душанбе ҷойгирбуда ба ду шаҳрванд бо қадри 0,6 га ҷудо карда медиҳад. Муҳамадиев Илҳом Маснабиевич бо шаҳрванд Х.Шарипов вохӯрда, ҳамчун пешпардохт барои тайёр карда додани қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ 2 ҳазор долари амрикоӣ ва шиносномаи миллии ӯро мегирад. И. Муҳамадиев бори дуввум бо Х.Шарипов вохӯрда, барои тайёр кардаи қарор оид ба ҷудо намудани қисми боқимондаи замини наздиҳавлигӣ боз 1500 доллар гирифтааст. Илҳом Муҳамадиев 2 майи соли 2014 ҳангоми ба шаҳрванд Х. Шарипов додани қарори қалбакӣ ва гирифтани боқимонда 10 ҳазору 500 доллар дар дохили қаҳвахонаи «Арена», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев -5 — и шаҳри Душанбе дастгир шуд. Нисбати айбдоршаванда Муҳамадиев Илҳом Маснабиевич бо аломатҳои моддаҳои 247, қисми 4, банди «б» ва 340, қисми 2, банди «в»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






