Боздошти аъзои Ҳаракати Толибон

Июнь 24, 2014 15:54

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дирӯз ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ шаҳрвандон Тошпӯлотов Умаралӣ Қиёмович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус ва Кулбашев Комилҷон Абдумӯъминович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён дастгир шуданд. 
Тибқи иттилоъ, онҳо соли 2014-ум дар ҳудуди вилояти Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таълимгоҳи махсуси динӣ аз шахсони ба тафтишот номаълум таълими динӣ ва малакаи экстремистӣ гирифта, баъдан дар шаҳри Ливараи Ҷумҳурии Исломии Покистон аз шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои Мустафо ва Ҳамидулло даъвати ҷиҳодро ҳамчун фарз қабул намуда, қасам (байят) ёд намуда, ба узвияти Ҳаракати Толибон шомил шудаанд.
Инчунин номбурдагон охирҳои моҳи майи соли 2014-ум аз марзи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо мақсади дар амалиёти ҷангӣ дар якҷоягӣ бо аъзои Ҳаракати Толибон ба муқобили қӯшунҳои ҳарбии ИМА, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалиёти зидди террористӣ мегузаронанд, ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ворид гардидаанд.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки У. Тошпулотов дар давоми солҳои 2010-2014,  ҷамъ шаш маротиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар якҷоягӣ бо дигар аъзои Ҳаракати Толибон дар амалиёти ҷангӣ бар зидди қӯшунҳои ҳарбии ИМА иштирок намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  

Июнь 24, 2014 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд