Боздошти ду нафар бо гумони нашъаҷаллобӣ

Июнь 17, 2014 14:18

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрвандон Дамир Фозилов, сокини 27- солаи шаҳри Турсунзода ва Насрулло Ниёзов, сокини 36 -солаи ноҳияи Шаҳринав дастгир шуданд. Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршудагон дар маҷмӯъ 2 кг 012 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира гардид.

Июнь 17, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш