«Бозингарон»-ҳимояи дипломии донишҷӯён
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз хатмкунандагони шуъбаи актиёрии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи намоишномаи «Бозингарон» кори дипломии худро ҳимоя намуданд. Намоишномаи «Бозингарон» аз рӯи асари нависандаи рус Николай Гогол дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ тибқи мавзӯи рисолаи хатми 4 нафар хатмкунандагони шуъбаи актёрии донишгоҳ ҷараён гирифт. Тавре сардори маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, донишҷӯён дар назди ҳозирин маҳорати актёрии худро нишон доданд. Дар имтиҳони давлатӣ баробари ҳакамон собиқадорони театр, пайвандон ва шавқмандони зиёди соҳа низ иштирок намуданд. Он хатмкунандагоне, ки давоми чаҳор сол дар факултаи санъати донишгоҳ таҳсил намуданд, бо намоиши ин асар маҳорати касбиашон дар назди ҳакамон ва устодон ба маърази тамошо ва санҷиш гузоштанд. Гуфта мешавад, ки ба хатмкунандагони шуъбаи актёрии факултаи санъат ҳунармандони касбии театр ва кино ба монанди Умар Алиев, Насриддин Маликов, Бароат Мақсудова ва чанде дигарон дарс гуфтаанд.Нақшофарии донишҷӯён аз аз ҷониби ҳозирин хуб пазируфта шуд. Дар анҷоми намоишнома Умар Алиев баромад намуда, аз нақшофарии шогирдон изҳори хушнудӣ намуда, гуфт ки барои ба рӯи саҳна омадани намоишномаи «Бозингарон» нафарони зиёд ҳамдастӣ ва мусоидат намуданд. Раиси имтиҳони давлатӣ Одилҷон Назаров нисбат ба маҳорати актёрии хатмкунандагон баҳои баланд дода, изҳори умедворӣ намуд, ки ба рӯи саҳна омадани ин насли ҷавони умедбахш ба рушди театри тоҷик мусоидат намуда, маҳорату дониши онҳо дар оянда дар ин ҷода сайқал хоҳад ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






