Бунёди бинои иловагӣ дар ДМИТ

Июнь 23, 2014 14:55

Душанбе,23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Муддати чандест, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) таъмиру таҷдиди бинои нави таълимӣ идома дорад. Корҳои сохтмонии ин бинои нави таълимиро кормандони ширкати ҶДММ «Нузам» ба уҳда доранд.
Бино ба иттилои муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии Донишкада Саймаҳмуд Қаландаров бинои мазкур чорошёна буда, дорои 24 ҳуҷраи корӣ, 34 синфхона, ду синфхонаи компютерӣ, толор барои баргузории конфронсу чорабиниҳо ва толори варзишӣ мебошад.  Ин бинои таълимӣ дар оғози соли хониши 2014 -2015 ба истифода дода мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки хобгоҳи нави донишҷӯён, ки дар шафати бинои таълимии мазкур ҷойгир аст, ҳамчунин пурра таъмиру тармим шуда, пеш аз оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Хобгоҳи мазкур низ чорошёна буда, ҳар як ошёна дорои 38 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 4 ҳуҷраи ёрирасон аст.
Ҳамчунин дар паҳлӯи бинои хобгоҳи донишҷӯён бинои якошёнаи дигар аз таъмир бароварда мешавад, ки дар он китобхонаи электронӣ ва ошхонаи васеъ барои кормандону донишҷӯён ҷойгир карда хоҳад шуд.
Факултаҳои менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар ин бинои нав ҷо дода мешаванд. 
 

Июнь 23, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст