Бунёди чоҳи амудӣ дар Б. Ғафуров

Июнь 9, 2014 09:39

Душанбе,9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи Мирзорабоди ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чоҳи амудии тозабунёд ифтитоҳ гардид. Чоҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти маҳаллии ноҳия дар муҳлати як моҳ кофта шуда, маблағи умумии он 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят дар ин мавзеъ дар масоҳати умумии зиёда 300 гектар ба1500 нафар сокинони ҷамоатҳои Чашмасор, Ғозиён ва Унҷии ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Ҳамчунин то ҷашнгирии иди Ваҳдати миллӣ  дар ин минтақа мактаби  нав мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Раиси вилоят ояндаи наздик бунёди боз як чоҳи амудиро аз ҳисоби буҷети вилоят дар ин деҳаи тозабунёд ваъда карда, гуфт инчунин ба ин деҳа мошини ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда мешавад.
  Ҳамчунин дар оянда дар ин мавзеъ 10 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад. 

Июнь 9, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст