Бунёди чоҳи амудӣ дар Б. Ғафуров
Душанбе,9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи Мирзорабоди ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чоҳи амудии тозабунёд ифтитоҳ гардид. Чоҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти маҳаллии ноҳия дар муҳлати як моҳ кофта шуда, маблағи умумии он 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят дар ин мавзеъ дар масоҳати умумии зиёда 300 гектар ба1500 нафар сокинони ҷамоатҳои Чашмасор, Ғозиён ва Унҷии ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Ҳамчунин то ҷашнгирии иди Ваҳдати миллӣ дар ин минтақа мактаби нав мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Раиси вилоят ояндаи наздик бунёди боз як чоҳи амудиро аз ҳисоби буҷети вилоят дар ин деҳаи тозабунёд ваъда карда, гуфт инчунин ба ин деҳа мошини ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда мешавад.
Ҳамчунин дар оянда дар ин мавзеъ 10 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






