Чанд фоизи зардолуи дунё дар Суғд парвариш меёбад?
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷараёни мулоқоти хеш бо муовини раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ҷамшедӣ таваҷҷӯҳи ҳайати намояндагиро ба рушди соҳаи зардолупарварӣ дар минтақа, ки 8 дарсади зардолуи ҷаҳон инҷо парвариш мешавад ва инчунин ба иқдоми азхудкунии заминҳои бекорхобида дар мисоли дашти Сомғор ҷалб намуд.Муовини раиси вилояти Хуросони Разавӣ доктор Ризо Ҷамшедӣ аз пазироии гарм ва иқдоми ташкили намоишгоҳи байналмилалӣ бо иштироки ширкатҳои эронӣ изҳори сипос намуд ва афзуд, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар ҳарду вилоят захираву имкониятҳои фарох вуҷуд доранд.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши зироати заъфарон дар водии Зарафшони вилояти Суғд изҳори андеша карданд. Зеро Хуросони Разавӣ тавлидкунандаи асосии заъфарон мебошад ва беш аз 70 фисади заъфарон дар ин вилоят парвариш меёбад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






