Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Фавти 51 нафар дар Сербия аз офати табиӣДушанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Чанд рӯз аст, ки дар Сербия бар асари боришоти зиёд ва обхезии шадид, ки тайи 120- соли охир бесобиқа дониста мешавад, 51 кас ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бедарак аст. То ҳол дар Сербия зиёда аз 1000 ҳолати лағжиши қитъаи замин ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон ҳукуматдорон кумаки хешро ба минтақаҳои офатзадаи кишвар мерасонанд. Талаби ҷубронпулӣ аз бонки «БЕ ЭН ПЕ Париба» Душанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си Вазорати адлияи ИМА бонки «БЕ ЭН ПЕ Париба»-и Фаронсаро вобаста ба риоя накардани меъёрҳои таҳрим нисбат ба Судон ва кишварҳои дигар муттаҳам кард. Бояд гуфт, ки барои халалдор кардани таҳрим Амрико аз бонки номбурда дар ҳаҷми 10 миллиард доллар ҷубронпулӣ талаб дорад. Тафтишот аз ҷониби Вазорати молияи Амрико нисбат ба бонки «БЕ ЭН ПЕ Париба» қариб як сол боз идома дорад. Ҳолати фавқулода дар Русия Душанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Чанд рӯз аст, ки вобаста ба боришоти пай дар пай ва обхезии шадид дар 5 минтақаи аҳолинишини кишвари Олтойи Федератсияи Русия ҳолати фавқулода эълон карда шудааст. Дар пайи боришоти зиёд сатҳи оби дарёҳо баланд гардида, ба минтақаҳои аҳолинишин ҷорӣ гардидааст. Бар асари обхезӣ ва омадани сел 2 нафар ба ҳалокат расида, қариб 250бинои истиқоматӣ зери об мондааст. Ҳамчунин дар баъзе минтақаҳо пулу роҳҳои мошингард ва хатҳои интиқоли неруи барқ хароб гардидаанд. Хулосаи ҳукуматдорони Британияи КабирДушанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Итар-ТАСС ҳукуматдорони Британияи Кабир ба хулосае омаданд, ки як қисми гуфтушуниди собиқ сарвазири Британияи Кабир Тони Блеер ва собиқ президенти Амрико Ҷорҷ Буш дар бораи соли 2003 ҳамла овардан ба Ироқро, ки то имрӯз муаммо боқӣ мемонад, ифшо намоянд. Эҳтимол меравад, ки рўзҳои наздик комиссияи мустақили парлумони Британияи Кабир барои боз кардани 25 нома ва 130 хабарномаи телефонии собиқ сарвазир шуруъ намояд. Бояд гуфт, ки ҳисоботи санҷишӣ оид ба натиҷаҳои тафтишот то охирҳои соли ҷорӣ муайян ва пешниҳод мешавад. Хоҳиши ширкати «Форд»-и Амрико Душанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ширкати бузурги мошинбарории «Форд»-и Амрико аз бозорҳои ҷаҳонӣ 1,3 миллион мошини худро бозпас мехонад. Мувофиқи иттилои расида, тамғаи «Форд эскап» ва «Меркури Марине», ки соли бароришашон 2008-2011 -ум мебошад, нуқсон пайдо намудааст. Ба гуфти мутахассисони ширкати мазкур нуқс дар чанбараки нақлиёти ширкати Форд мавҷуд аст, ки он метавонад сабабгори садама гардад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






